Хабари Синхуа наздик буд, ҷанги ҷаҳонӣ роҳ биандозад!
-
Кореяи Шимолӣ рӯзи шанбе 15 апрел мушакҳои нави дурбурд ва мушакҳое, ки аз зердарёӣ шиллик мешаванд, ба намоиш гузошт
Хабаргузории расмии Чин Синхуа наздик буд, бо як хабари иштибоҳ, ҷанги ҷаҳонӣ роҳ биандозад.
Ба иттилои шабакаи Sky News, хабаргузории Синхуа дар хабаре навишт: “Кореяи Шимолӣ дар маросими рӯзи хуршед, ки шанбе 15 апрел дар ин кишвар иҷро шуд, мушак шиллик кард”.
Ин дар ҳолест, ки манзури ин хабаргузорӣ, намоиши мушак дар рижаи низомӣ дар Пхенян буд, бо ин ҳол расонаҳои амрикоӣ аз ҷумла Блумберг хабари шиллики мушак дар Кореяи Шимолиро ба нақл аз Синхуа мунташир карданд .
Хабаргузории Синхуа билофосила иштибоҳи худро ислоҳ кард ва сипас расонаҳои амрикоӣ ҳам хабарҳои худро ислоҳ карданд, аммо дар сояи таниши фазояндаи мавҷуд байни Кореяи Шимолӣ ва Амрико ва таҳдидҳои мутақобили байни ду кишвар, чунин титре метавонист ангезае барои шуруи ҷанги ҷаҳонии сеюм бошад ҷанге, ки ин рӯзҳо Трамп ва раҳбари Кореяи Шимолӣ мудом дар бораи он ҳарф мезананд .
Бино бар эъломи хабаргузориҳо, Пхенян дар маросими рӯзи шанбе, ки ба муносибати саду панҷумин солгарди таваллуди Ким Ил Сонг, бунёнгузори Кореяи Шимолӣ баргузор шуд, мушакҳои ҷадиди дурбурд ва мушакҳоеро, ки аз зердарёӣ шиллик мешаванд, ба намоиш гузоштааст .
Пхенян рӯзи шанбе дар посухи ғайримустақим ба таҳдидҳои Трамп, ки гуфта буд, мушкили Кореяи Шимолиро ҳал хоҳад кард, ҳушдор дод, ба ҳар навъ ҳамлае бо силоҳи ҳастаӣ посух хоҳад дод .
Русия низ тамоми тарафҳоро ба хештандорӣ даъват карда ва дар бораи ҳаргуна иқдоме, ки мумкин аст, таҳрикомез талаққӣ шавад, ҳушдор додааст .