Раҳгирии ду бомбафкани Русия аз сӯи Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15986-Раҳгирии_ду_бомбафкани_Русия_аз_сӯи_Амрико
Артиши Амрико ду бомбафкани Русияро, ки дар ҳоли парвоз бар фарози савоҳили Аляска буданд, раҳгирӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 19, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳгирии ду бомбафкани Русия аз сӯи Амрико

Артиши Амрико ду бомбафкани Русияро, ки дар ҳоли парвоз бар фарози савоҳили Аляска буданд, раҳгирӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Presstv, Вазорати дифои Амрико (Пентагон) рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе эълом кард, ду ҷангандаи Раптор F-22 нерӯи ҳавоии иёлоти муттаҳида, бомбафканҳои русии TU-95-ро наздики ҷазираи Кодиаки Аляска раҳгирӣ карданд .

Дар ин баёния омадааст, ин раҳгирӣ 12 дақиқа ба тӯл анҷомид ва пас аз он, бомбафканҳои Русия ба пойгоҳи худ дар шарқи ин кишвар баргаштанд .

Пентагон таъкид кард, бомбафканҳои русии TU-95 қодир ба ҳамли силоҳҳои ҳастаӣ ҳастанд, аммо ҳеч нишонае мабнӣ бар мусаллаҳ будани ин бомбафканҳо дида нашуд .

Ин иқдом дар ҳоле анҷом шуд, ки Амрикову Русия бар сари буҳрони Сурия ва ҳамчунин густариш ва тақвияти ҳузури низомии Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) дар наздики марзҳои Русия дар тақобули ҷиддӣ қарор гирифтаанд .

Пеш аз ин, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфта буд, равобити Маскав ва Вашингтон аз замони вуруди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Кохи Сафед бадтар шудааст .