Апрел 20, 2017 12:55 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Кумитаи низомии СПАД дар Беларус

Ҷаласаи даҳуми Кумитаи низомии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 19-уми апрел дар Минск баргузор шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Кумитаи низомии Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар иҷлоси навбатии худ дар шаҳри Минск таҳдидҳои амниятии кишварҳои узв ва масъалаи роҳандозии парвозҳои байналмилалии нерӯҳои ҳавоии кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ ‌кард.

Дар ин нишаст, ки ба раёсати раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва муовини аввали вазири дифои Беларус Олег Белоконев баргузор шуд, фармондеҳони ситодҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва фармондеҳи Ситоди муштараки СПАД ширкат ‌карданд.

 Ҳамчунин дар иҷлоси Кумитаи низомии СПАД масоили марбут ба бунёди сохторҳои иҷроии Шӯроии вазирони дифои кишварҳои узви ин созмон дар заминаҳои иртиботот, пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ, падофанди ҳавоӣ ва мушакӣ, корбурди нерӯҳои ҳавоии муштарак ва омӯзиши низомиён мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 Ин нишаст бо имзои протоколи ниҳоӣ, ки дар он тасмимоту дастуруламалҳои муносиб барои иҷрои тарҳҳо сабт шуд, ба поён расид.

СПАД яке аз созмонҳои фаъоли низомӣ ва чандманзура дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ, Русия бо ҳадафи афзоиши зарфиятҳову муттаҳид нигаҳ доштани ҷумҳуриҳои собиқ, СПАД-ро таъсис дод.