Апрел 20, 2017 13:08 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Девони байналмилалии додгустарӣ бо иддаои Украина алайҳи Русия

Девони байналмилалии додгустарӣ, иддаои давлати Украина, мабнӣ бар ҳимояти Русия аз мухолифони шарқи Украинаро рад кард.

Ин додгоҳи байналмилалӣ рӯзи чаҳоршанбе, дархости мақомоти Киев мабнӣ бар иттихози иқдомоте алайҳи Русия ҷиҳати поён додан ба ҳимоятҳои ин кишвар аз мухолифони украиниро напазируфт. Девони байналмилалии додгустарӣ, пештар бо судури ҳукме аз Русия хоста буд, ки ба ҳуқуқи мардум дар шибҳҷазираи Қрим эҳтиром бигузорад.

Додхости матраҳшуда аз сӯи давлати Украина алайҳи Русия, дар воқеъ аз ҷумлаи охирин иқдомоте маҳсуб мешавад, ки давлати ғарбгарои Киев дар ростои ташдиди фишорҳои байналмилалӣ алайҳи Маскав, бо ҳадафи боздоштани он аз идомаи ҳимоят аз мухолифони шарқи Украина сурат додааст .

Давлати Украина аз ҷанг бо мухолифон дар шарқи ин кишвар яъне устонҳои Донетск ва Луҳанск ба ҷое нарасидааст ва ба ҳамин далел акнун худро ногузир мебинад, ки барои тазъифи онҳо, ба ҳар наҳви мумкин Русияро водор ба таваққуфи ҳимоят аз онҳо кунад. Бо ин ҳол, Русия нисбат ба ин талошҳо беэътино буда ва аз сӯи дигар иқдомоти давлати Украина аз ҷумла тарҳи шикоят дар Девони байналмилалии додгустарӣ низ амалан бо таваҷҷуҳ ба мухолифати ин маҳкамаи байналмилалӣ бо дархости он, роҳ ба ҷое набурдааст. Дар айни ҳол, мақомоти аршади Украина камокон рӯйкарди фишор алайҳи Русияро идома медиҳанд . Комо инки Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина, зимни муттаҳам кардани Русия ба бар ҳам задани назми ҷаҳонӣ, аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хостааст, то таҳримҳо алайҳи Маскав ҳамчунон ҳифз шаванд. Порошенко дар тавҷеҳи ин хостаи худ муддаӣ шуд, танҳо бо ин равиш метавон Владимир Путини, раисҷумҳури Русияро дар мизи музокирот нигаҳ дошт ва танкаҳои русиро аз маркази Аврупо дур кард. Вай зимни таъкид бар идомаи таҳримҳо алайҳи Русия, суханони оҳоеро, ки бар бедастовард будани ин таҳримҳо таъкид доранд, нодуруст хонд .

Ба гумони Порошенко агар таҳримҳо ва артиши ҷадиди Украина набуданд, танкаҳои Русия бештар ба умқи Аврупо пешравӣ мекарданд. Албатта ин рӯйкарди раисҷумҳури Украина бо истиқболи давлати ҷадиди Амрико мувоҷеҳ шудааст.  

Дар вокуниш ба иқдомоти Украина ва ҳомиёни ғарбии он, мақомоти Русия борҳо бар ин масъала таъкид кардаанд, ки то замоне, ки давлати ғарбгарои Украина, манофеи Русия дар ин кишварро ба расмият нашиносад ва аз иқдомоте, ки мухолифи амнияти миллии Русия ва манофеи асосии он ҳастанд, худдорӣ накунад, камокон сиёсати кунунии худро дар шарқи Украина идома хоҳад дод. Дар айни ҳол, Маскав муътақид аст, ки давлати Киев бо худдорӣ аз иҷрои мафоди тавофуқномаи Минск-2, амалан роҳ бар барқарории сулҳу оромиш дар шарқи Украинаро бастааст .

 

Барчасп