Август 07, 2016 15:23 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии рӯзномаи Саудӣ аз террористҳои Сурия

Рӯзномаи Саудии "Ариёз", ки дар матлабе террористҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Сурияро "шӯришӣ" тавсиф карда буд, аз ин террористҳо узрхоҳӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, рӯзномаи Ариёзи Арабистон дар хабаре дар бораи даргириҳои ахир дар шаҳри Ҳалаб дар Сурия, мухолифони суриро шӯришӣ хонд ва навишт, шӯришмҳо маъракаи шикастани муҳосираи Ҳалабро оғоз кардаанд, то манотиқи таҳти кантроли худро аз нерӯҳои давлатии Сурия, пас бигиранд.

Ин рӯзнома ҳамчунин бо интишори нақшае аз манотиқи таҳти кантроли тарафайни даргирӣ, дар он нақша низ Ҳалабро ба "манотиқи таҳти кантроли шӯришиҳо " ва " манотиқи таҳти контроли давлати Сурия " тақсим кард.

Иқдоми рӯзномаи Саудӣ, хашми мухолифони мусаллаҳи сурӣ ва тарафдорони онҳоро барангехт, то ҷое ки "Ариёз" бо узрхоҳӣ аз террористҳо эълом кард, ки ин як иштибоҳи ғайриамд буда, ки ба далели тарҷумаи вожа ба вожа аз матлаби хабаргузории Ройтерс, ба вуҷӯд омадааст.

Ариёз дар пузишномаи номаи худ бар ҳимояти Арабистон аз мухолифони мусаллаҳи сурӣ таъкид кард.