Август 07, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Мамониати саудиҳо аз анҷоми маносики ҳаҷҷи зоирони сурӣ

Бо коршикании Арабистони Саудӣ, ҳоҷиёни сурӣ панҷумин сол паёпай аз ҳузур дар ҳаҷ бозмондаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Муҳаммад Абдуссаттор Ассайид, вазири авқоф ва раиси Кумитаи олии ҳаҷҷи Сурия бо интишори баёнияе эълом кард, Арабистон бо иқдомоти худ муҷиби ноком гузоштани тадобири лозим барои ташарруфи суриҳо ба Ҳарамайни Шарифайн ва монеи амал ба рукни панҷуми дини Ислом шуд, ки Худованд бар мусулмонон воҷиб кардааст.

Вай афзуд, Вазорати ҳаҷҷи давлати подшоҳии Саудӣ аз имзои тавофуқномаи расмии марбут ба ҳоҷиёни сурӣ бо Вазорати авқофи Сурия худдорӣ ва паймонҳои маъмулиро нақз кардааст. Дар ҳоле ки ин тавофуқномаро ҳар сол бо кишварҳои исломӣ имзо мекунад, аммо бо нақзи меъёрҳои динӣ ва ахлоқӣ, тадобири лозимро барои адои фаризаи ҳаҷҷи суриҳо фароҳам намекунад.

Вазири авқоф ва раиси Кумитаи олии ҳаҷҷи Сурия дар баёнияи худ ҳамчунин хотирнишон кард, сарпарастони Ҳарамайни Шарифайн бояд асбоб ва авомили осоиш, амният ва осудагии ҳоҷиёнро бидуни дар назар гирифтани ҳар гуна вобастагӣ ё масоили дигар фароҳам кунанд то мусулмонон битавонанд маносики ҳаҷро ба ҷо оваранд.

Барчасп