Апрел 27, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Чин истифода аз номҳои исломиро барои навзодон дар минтақаи Синзян мамнуъ кард.
    Чин истифода аз номҳои исломиро барои навзодон дар минтақаи Синзян мамнуъ кард.

Чин истифода аз номҳои исломиро барои навзодон дар минтақаи Синзян мамнуъ кард.

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, мақомот дар минтақаи Синзяни Чин барои таҳмили контроли бештар бар уйғурҳо, монеъ аз интихоби номҳои исломӣ барои навзодон мешаванд.

Бар асоси ин гузориш, асноде, ки уйғурҳои сокин дар дигар кишварҳо мунташир кардаанд, нишон медиҳад истифода аз 29 ном аз ҷумла Муҳаммад ва Ислом-дар минтақаи Синзян, ки аксарияти ҷамъияти онро мусулмонон ташкил медиҳанд, мамнуъ шудааст.

Ба иддаои як мақоми маҳаллӣ дар Синзян, истифода аз бархе номҳо ба далели доштани заминаи мазҳабӣ, мамнуъ шудааст.

Мақомоти Чин мекушанд, таъсири исломро бар минтақаи Синзян коҳиш  диҳанд.

Онон иддао мекунанд, ақоиде, ки аз Осиёи Марказӣ ба Синзян содир мешавад, номуносиб ва тундравона аст, аммо ба гуфтаи фаъолони Уйғур ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ, мамнуъияти ибрози ақоиди мазҳабии худ метавонад, ба тундравӣ ва радикализм мунҷар шавад.