Апрел 28, 2017 19:50 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо афзоиши танишҳо дар шибҳиҷазираи Корея Кореяи Шимолӣ ҷанги лафзӣ ва таблиғотии алайҳи Амрико ва Кореяи Ҷанубиро шиддат бахшидааст.

Ба гузориши “Индепендент”, Кореяи Шимолӣ видеои таблиғотие мунташир кардааст, ки дар он ҳамлаи мушакӣ ба бинои Конгресси Амрико дар Вашингтон шабеҳсозӣ шудааст. Ин видеои таблиғотие, ки ба тозагӣ дар Кореяи Шимолӣ таҳия ва дар интернет мунташир шудааст, ҳамчунин нишон медиҳад, Пхенян чӣ гуна метавонад бо шиллики мушакҳо, гулӯлаҳо ва ҳамчунин ҳадаф гирифтани ҷангандаҳову киштиҳои ҷангии Амрико ин кишварро шикаст диҳад. Аз сӯйи дигар сухангӯи Кумитаи марказии Анҷумани ҷавонони Ким Ил Сунги Кореяи шимолӣ низ ҳушдор дод, дар сурате ки Вашингтон Пхенянро таҳдид кунад, ин анҷуман бо панҷ миллион бомби ҳастаӣ Амрикоро аз рӯй замин маҳв ва пойтахти Кореяи Ҷанубиро низ нобуд мекунад.

 

Барчасп