Видео: Силоҳи вайронгари Амрико зидди Кореяи Шимолӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16466-Видео_Силоҳи_вайронгари_Амрико_зидди_Кореяи_Шимолӣ
Нерӯи дарёии Амрико муддаӣ шуд, силоҳи сиррии маргборе дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар ҷанг бо Кореяи Шимолӣ пирӯзиро барои Амрико ба ҳамроҳ оварад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 30, 2017 16:58 Asia/Dushanbe

Нерӯи дарёии Амрико муддаӣ шуд, силоҳи сиррии маргборе дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар ҷанг бо Кореяи Шимолӣ пирӯзиро барои Амрико ба ҳамроҳ оварад.

Пойгоҳи хабарии Дейли Стари Англия ба нақл аз нерӯи дарёии Амрико гузориш дод, ки нерӯи дарёии Амрико дорои тупест, ки суръати шиллеки гулулаи он ҳафт баробари суръати савт аст .

Ба гуфтаи адмирал Метю Клондер, ҳазинаи ҳар гулулаи ин туп фақат 25 ҳазор доллар аст, ки дар баробари мушакҳои мутаорифи ним миллион долларӣ ночиз аст .

Тарроҳони ин гулулаи тупи электромагнитӣ мегӯянд, ин ҷангафзори кӯчак ба ҳар чизе, ки бархурд кунад, онро нобуд хоҳад кард .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико панҷшанбе гуфт, имкони шуълавар шудани оташи ҷанги густарда бо Кореяи Шимолӣ ба хотири барномаи атомӣ ва мушакии он вуҷуд дорад, аммо ӯ поён ёфтани ин мунозиа аз роҳҳои дипломатиро тарҷеҳ медиҳад .

Анҷумани ҷавонони Кореяи Шимолӣ таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи Амрико ба Пхенян, бо бомбҳои атомӣ Амрикоро аз кураи замин маҳв хоҳад намуд .