Ҳадияи аҷиби вазири ҳиндӣ ба наварусон!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i16512-Ҳадияи_аҷиби_вазири_ҳиндӣ_ба_наварусон!
Як вазири ҳиндӣ ҳадияе аҷиб ба тозаарусони ин кишвар тақдим кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 01, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳадияи аҷиби вазири ҳиндӣ ба наварусон!

Як вазири ҳиндӣ ҳадияе аҷиб ба тозаарусони ин кишвар тақдим кард.

Ба иттилои пойгоҳи ироқии Алсумария, Гопал Бхаргава, вазири тавсеаи рустоии иёлоти Мадхя-Прадеши Ҳинд садҳо чубдастиро ба унвони ҳадия ба тозаарусҳо дод ва дастур дод, то ҳудуди 10 ҳазор чубдастии дигар низ миёни арусони ҷавон тавзеъ шавад, то аз он ба унвони силоҳ алайҳи ҳамсаронашон истифода кунанд .

Дар Ҳинд аз ин чубҳо барои такондани гарду хоки либосҳо ҳангом шустани либос ба сурати суннатӣ истифода мешавад, аммо вазири ҳиндӣ аз тозаарусон хостааст, дар сурате, ки ҳамсаронашон ба алкул эътиёд дошта бошанд ва ё бо онҳо бадрафторӣ карданд, бо ин чубҳо дар баробари онон аз худ дифоъ кунанд .

Чубҳои иҳдоӣ ба наварусон бо номае ҳамроҳ аст, ки дар он омадааст: “Ин чубдастӣ, барои задани афроди алкулӣ аст ва полис дар ин замина дахолат нахоҳад кард”.

Вазири иёлоти Мадхя-Прадеш гуфтааст, ки ҳадафаш аз ин кор, ҷалби таваҷҷуҳ ба вазъияти дардовари занони рустоӣ аст, ки бо хушунати ҳамсарони алкулии худ рӯ ба  рӯ ҳастанд .

Дар бисёре аз иёлотҳои Ҳинд дар солҳои ахир тарҳи мубориза бо алкул ба иҷро даромадааст, то аз хушунатҳои ношӣ аз масрафи машруботи алкулӣ дар ин кишвар коста шавад .