Интиқом аз Обама, иллати мухолифати Трамп бо тавофуқи ҳастаӣ
Коршиноси аршади умури байналмилалии Русия, иллати аслии сиёсатҳои Доналд Трамп зидди тавофуқи ҳастаии Эрон ва 5+1-ро интиқомгирии ӯ аз раисҷумҳури пешини Амрико медонад.
Коршиноси аршади умури байналмилалии Русия, иллати аслии сиёсатҳои Доналд Трамп зидди тавофуқи ҳастаии Эрон ва 5+1-ро интиқомгирии ӯ аз раисҷумҳури пешини Амрико медонад.
Владимир Сажин рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо радиои русии Спутник гуфт: Доналд Трамп ба иллати душманӣ бо Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико наметавонад тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ-ро бипазирад.
Ин коршиноси сиёсии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия афзуд: Давлати Трамп дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон бо режими саҳюнистӣ ҳамбастагӣ ва иттифоқи назар дорад .
Сажин пештар ҳам бо интиқод аз сиёсатҳои Амрико таъкид карда буд, Эрон нақзкунандаи тавофуқи БАРҶОМ нест .
Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Британия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) 14 июли 2015 тавофуқномаеро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон имзо карданд, ки ин тавофуқнома 16 январи 2016 иҷроӣ шуд .
Бо вуҷуди ин, Доналд Трамп бо тарҳи ин мавзуъ, ки тааҳҳуд ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ба манофеи Амрико осеб хоҳад расонд, Комиссияи амнияти миллии ин кишварро маъмури баррасии имкони бознигарии ин тавофуқнома кардааст .