Амрико аз густариши қудрати низомии Толибон дар Афғонистон хабар дод
(last modified Tue, 02 May 2017 06:45:53 GMT )
Май 02, 2017 11:45 Asia/Dushanbe
  • Амрико аз густариши қудрати низомии Толибон дар Афғонистон хабар дод

Як ниҳоди давлатии амрикоӣ аз густариши қудрати низомии Толибон ва талафоти беш аз пеши нерӯҳои давлатии Афғонистон дар набард бо нерӯҳои ин гурӯҳ хабар дод.

Ба гузориши golos, Ожонси давлатии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон мавсум ба SIGAR дар гузориши фаслии худ, ки рӯзи душанбе ба вақти маҳаллии Амрико мунташир шуд, изъон кард, ки Толибон зимни ворид кардани заработи муҳлик ба нерӯҳои давлатии Афғонистон дар ҳоли ишғол ва тасаллути манотиқи бештаре дар нуқоти мухталифи ин кишвар аст .

Ин гузориш дар ҳоле мунташир шудааст, ки Толибон чанд рӯз қабл, шаҳристони Зебок дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба ишғоли худ даровард .

Гузориши Ожонси давлатии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон меафзояд, дар шаш ҳафтаи ахир талафоти нерӯҳои давлатии Афғонистон дар набард бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ба 807 кушта расидааст .

Яке аз пурқурбонитарини ин ҳаводис, кушта шудани 140 нафар аз низомиёни афғон дар як воҳиди низомӣ дар шаҳри Мазори Шариф буд, ки рӯзи 19 апрел рух дод .

Иддаои Амрико дар бораи қудратёбии муҷаддади Толибон дар Афғонистон дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ин кишвар дар соли 2001 ба баҳонаи нобудии Толибон ва Алқоида ба Афғонистон лашкаркашӣ кард .