Май 03, 2017 14:52 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Англия барҳам дода шуд

Пойгоҳи Шӯрои қонунгузории парлумони Англия дар интернет эълом кард, ки парлумон нимашаби чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ, дар ростои заминасозӣ барои баргузории интихоботи парлумонии ҳаштуми моҳи июн барҳам дода шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-олам, дар баёнияи ин пойгоҳ омадааст: “Қарор аст раъйгирӣ барои интихобот дар ҳаштуми июн баргузор шавад, бинобар ин ин амр эҷоб мекунад, ки парлумон аз рӯзи чаҳоршанбеи чаҳоруми моҳи май, соати яки нимашаб мунҳал шавад”.

Расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки қарор аст Тереза Мэй, нахуствазири Англия имрӯз бо малика Элизобети дувум барои иблоғи мунҳал шудани парлумон бо вай мулоқот кунад.

 Ин расонаҳо гуфтанд, баёнияи вижаи малика дар хусуси барҳамдиҳии парлумон содир хоҳад шуд ва дорои замони баргузории интихоботи парлумонии оянда ва замони суханронии малика дар парлумони ҷадид хоҳад буд.