Талоши режими Оли Сауд барои ҷазби фармондеҳони артиши Покистон
(last modified Thu, 04 May 2017 15:31:31 GMT )
Май 04, 2017 20:31 Asia/Dushanbe
  • Талоши режими Оли Сауд барои ҷазби фармондеҳони артиши Покистон

Пас аз ҷазби фармондеҳи собиқи неруи заминии артиши Покистон аз сӯи режими Оли Сауд, ба унвони фармондеҳи эътилофи худсохтаи Арабистон, ин кишвар барои ҷазби соири фармондеҳони низомии артиши Покистон талош мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Салмон бин Абдулазиз-подшоҳи Арабистон, дар дидор бо генерал Забир Маҳмуд-раиси Ситоди муштараки артиши Покистон дар Риёз,ба манзури ҷазби вай ва тарғиби соири фармондеҳони артиши ин кишвар ба ҳамкорӣ бо Арабистон, ба Забир Маҳмуд болотарин нишони низомии Арабистонро эҳдо кард.

Ба гуфтаи сухангӯи артиши Покистон, генерал Забир Маҳмуд ҳамчунин бо фармондеҳи артиши Арабистон дар Ҷадда низ дидор ва гуфтугӯ кард.

Покистон ва Арабистон аз равобити деринаи низомӣ ва амниятӣ бархӯрдоранд, аммо дар як соли ахир, ки режими Ол Сауд, дар ботлоқи Яман гирифтор шудааст беш аз ҳар замони дигаре даст ба домони фармондеҳони артиши Покистон шудааст, то битавонанд ба хурӯҷи Арабистон аз ботлоқи Яман, кӯмак кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷиноёти рӯзафзӯни ҳуккоми Оли Сауд дар Яман, аз ҷумла истифода аз бомбҳои хӯшаӣ зидди мардуми мазлуми ин кишвар, беш аз пеш хашму нафрати мардуми Покистонро зидди ҳуккоми Саудӣ барангехтааст.

Ба ҳамин далел, раҳбарони гурӯҳҳо, аҳзоби мазҳабӣ ва сиёсӣ дар Покистон бо ҳушдор ба Роҳил Шариф, дар мавриди паёмадҳои пазируфтани фармондеҳии эътилофи худсохтаи Арабистон дар ҷанги Яман эълом карданд, ки ин иқдом беш аз пеш чеҳраи Покистонро дар минтақа ва бахусус дар миён кишварҳои исломӣ махдуш мекунад.