Май 06, 2017 11:52 Asia/Dushanbe
  • Муборизаи ҷиддии Русия, Эрон ва Туркия зидди террористҳо дар Сурия

Раиси идораи кулли амалиёти Ситоди кулли артиши Русия гуфт, Русия, Туркия ва Эрон ба ҷанги муштараки зидди гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия идома хоҳанд дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, генерал Сергей Рудской, раиси идораи кулли амалиёти Ситоди кулли артиши Русия афзуд, имзои санади марбут ба эҷоди манотиқи бидуни даргирӣ дар Сурия ба ҳеч ваҷҳ ба маънии поён ёфтани ҷанг зидди террористҳои ДИИШ ва ҷабҳаи Аннусра дар хоки Сурия нест.

 Рудской гуфт, Русия, Эрон ва Туркия иқдоми лозим барои аз байн бурдани гурӯҳҳои террористиро дар манотиқи бидуни даргирӣ дар Сурия анҷом хоҳанд дод ва ба нерӯҳои давлатии ин кишвар дар ҷанги зидди террористҳо кӯмак хоҳанд кард.

 Чаҳорумин нишасти байналмилалии Сурия рӯзи панҷшанбе бо имзои санади эҷоди манотиқи “коҳиши таниш” дар ин кишвар аз сӯйи намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дар Остона поён ёфт.

Иҷрои ин тафоҳумнома аз имрӯз (шанбе) иҷро мешавад.

Бар асоси иттилооти интишорёфта, чаҳор минтақаи коҳиши таниш дар Сурия,  дар вилояти Идлиб, минтақаи шимолии шаҳри Ҳумс, Ғутаи шарқиву ҷанубии Сурия эҷод мешавад.

 Ин музокирот бо ибтикори Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамкории Русияву Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия баргузор шудааст.

 

Барчасп