Поп: Аз супербомби Амрико дар Афғонистон хиҷолат кашидам
Попи Франсис, раҳбари мазҳабии католикҳо дар остонаи сафари раисҷумҳури Амрико ба Ватикан, аз сиёсатҳои ҷангталабонаи ин кишвар интиқод кард.
Ба иттилои хабаргузории Ирно, Попи Франсис рӯзи шанбе дар дидор бо донишомӯзони мадориси италияӣ, бо ишора ба супербомби амрикоӣ, ки 13 апрел дар Афғонистон партоб шуд, гуфт: “Ман аз номе, ки ба ин бомб дода шуд, хиҷолатзада шудам. Онҳо номи модари ҳамаи бомбҳоро ба ин бомб доданд. Модар ҷон мебахшад, дар ҳоле, ки номи ӯро ба бомбе додем, ки ҷонро мегирад ва марг меофаринад”.
Поп афзуд: “Дар миёни мо фарҳанги нобудӣ рӯ ба рушд аст. Ҷаҳон дар ҷанг аст ва албатта ин мавзуи ҷадиде нест. Дар оғоз низ ҷанг бо ҳасодати Қобил ба Ҳобил шуруъ шуд ва бародар бародари худро кушт”.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико авохири моҳи май пеш аз нишасти сарони Гурӯҳи ҳафт озими Рум мешавад, то бо раисҷумҳури Италия ва Попи Франсис дидор ва гуфтугӯ кунад.