Май 09, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Зери суол бурдани фармони муҳоҷирати Трамп аз сӯйи додгоҳҳои Амрико

Додрасҳои Амрико фармони муҳоҷирати раисҷумҳури Амрикоро зери суол бурданд.

Ба гузориши ИРНА, додгоҳи истинофи Амрико дар бораи иддаои Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар дар ин хусус, ки дастури ӯ дар бораи мамнӯияти сафари шаҳрвандони шаш кишвари умдатан исломӣ ношӣ аз нигарониҳои амнияти миллӣ будааст ва на ғаразварзии мазҳабӣ, ибрози тардид карданд.

Ҷефри Вол, муовини додситони кулли Амрико, ки ба намояндагӣ аз Трамп дар додгоҳи истинофи бахши чаҳоруми Амрико дар иёлати Вирҷиния ҳозир шуда буд, бо саволҳои сахти додрас, бавижа чанд додрас рӯ ба рӯ шуд, ки раисони ҷумҳурии демократ онҳоро мансуб кардаанд.

Додгоҳи истинофи бахши чаҳоруми Амрико барои баррасии дархости истинофи Ҳукумати Амрико зидди ҳукми 15 марти Теодор Чонг қозии федералии Мериллэнд ташкил шуд. Ҳукми қозии федералии Мерилланд фармони Трампро дар бораи мамнӯияти сафари шаҳрвандони  шаш кишвари умдатан исломӣ як рӯз пеш аз он ки ба иҷро дарояд, ба ҳоли таълиқ дароварда буд.

 

Барчасп