Гармои шадиду буҳрони барқ дар Покистон
Гармои шадиду буҳрони барқ мардуми Покистонро нигарон кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар шаҳрҳои ҷанубии Покистон 40 то 48 дараҷаи сонтиград эълом шудааст, ки ин гармои шадид шаҳрвандони покистониро бо мушкилоте рӯбарӯ кардааст.
Бо афзоиши ҳарорати ҳаво, камбуди барқ ҳам дар Покистон ба авҷи худ расидааст ва манотиқи шаҳрӣ то 12 соат ва манотиқи рустоӣ то 18 соат барқ надоранд.
Мизони камбуди барқ ҳам дар ин кишвар аз панҷ ҳазор ба ҳафт ҳазор мегаватт афзоиш ёфтааст.
Гармои шадиди ҳаво дар Покистон ва камбуди барқ солона ҷони бисёре аз шаҳрвандони ин кишварро мегирад, ба тавре ки дар соли 2015 ба далели гармои зиёд ҳудуди ду ҳазор нафар дар Карочи ҷони худро аз даст доданд.
Покистон умедвор аст дар солҳои оянда бо такмил шудани тарҳи минтақаии интиқоли барқи КАСА-1000, бахше аз ниёзи худ ба барқро аз кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон таъмин кунад.