Май 10, 2017 12:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти қотеи раиси ҷумҳурии мунтахаби Фаронса аз иҷрои Барҷом

Мушовири сиёсати хориҷии раиси ҷумҳурии мунтахаби Фаронса эълом кард, Порис хостори иҷрои дақиқи тавофуқномаи ҳастаии Эрон ва гурӯҳ 5+1 аст.

Ба гузориши нашрияи “Политико”, мушовири расмии сиёсати хориҷии Эммануел Макрон, раиси ҷумҳурии мунтахаби Фаронса рӯзи сешанбе гуфт, давлати баъдии ин кишвар дар бораи тавофуқи ҳастаии гурӯҳи 5+1 бо Эрон хостори ҳамкории бисёр наздик дар бораи идомаи он ва итминон аз ин аст, ки ин тавофуқ ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ мемонад ва бо ҷиддият иҷро мешавад.

Мушовири расмии сиёсати хориҷии раиси ҷумҳурии мунтахаби Фаронса дар идома афзуд, Кохи Сафед дар бораи мавзеи худ дар қиболи тиҷорати озод, тавофуқи ҳастаӣ ва ҳамчунин тавофуқи обу ҳавои Порис бояд посухгӯ бошад.

Эммануел Макрон дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса Марин Ле Пен, номзади Ҳизби ростгарои ҷабҳаи миллиро шикаст дод.