Таътилии марзи Чамани байни Покистон ва Афғонистон
(last modified Wed, 10 May 2017 14:58:00 GMT )
Май 10, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Таътилии марзи Чамани байни Покистон ва Афғонистон

Гузаргоҳи марзии Чаман дар иёлоти Балучистони Покистон барои шашумин рӯз бастааст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, манобеи марзӣ эълом карданд, ба иллати баста будани гузаргоҳи марзии Чаман дар иёлоти Балучистони Покистон, рафту омади шаҳрвандон ва табодули коло барои шашумин рӯз дар ин гузаргоҳ мутаваққиф шудааст .

Манобеи амниятӣ иддао карданд: Ин гузаргоҳи марзӣ пас аз тавофуқи мақомоти Кобулу Исломобод ва дастури онон бозгушоӣ хоҳад шуд .

Эҳтимол меравад, чаҳорумин тамоси мақомоти марзии Покистону Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар нуқтаи сифри марзӣ баргузор шавад .

Ба иллати баста будани гузаргоҳи марзии Чаман, сафе тӯлонӣ аз контейнерҳо ва мошинҳои боркаш дар марз ба вуҷуд омадааст ва мардуму туҷҷор дар ду сӯи марзи Покистону Афғонистон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд .

Сартоҷ Азиз, мушовири равобити хориҷии нахуствазири Покистон гуфт: Давлати ин кишвар ба таври мавридӣ гузаргоҳи марзии Чаманро бозгушоӣ карда ва дар марҳалаи нахуст ба афроди бемор иҷозаи рафту омад дода шудааст .