Сафари Лавров ба Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17028-Сафари_Лавров_ба_Амрико
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки аз 9 май дидори худ аз Амрикоро бо ҳадафи музокира бо мақомоти аршади ин кишвар оғоз кард, рӯзи 11 май ба сафари худ поён дод. Лавров дар ин сафар бо Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷа ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи ду кишвар бавижа буҳрони Сурия ва ояндаи равобити дуҷониба музокира кард. Ҳадаф аз ин сафар ҷалби ҳимояти Амрико барои тарҳи эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия унвон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 11, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Сафари Лавров ба Амрико

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки аз 9 май дидори худ аз Амрикоро бо ҳадафи музокира бо мақомоти аршади ин кишвар оғоз кард, рӯзи 11 май ба сафари худ поён дод. Лавров дар ин сафар бо Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷа ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи ду кишвар бавижа буҳрони Сурия ва ояндаи равобити дуҷониба музокира кард. Ҳадаф аз ин сафар ҷалби ҳимояти Амрико барои тарҳи эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия унвон шуд.

Таи чаҳор соли гузашта, ки ихтилофоти Амрико ва Русия бар сари ду буҳрони Украина ва Сурия авҷ гирифт, ин аввалин бор буд, ки Лавров ба Кохи Сафед рафт. Дар айни ҳол, яке аз масоили қобили таваҷҷуҳе, ки Лавров дар дидор бо Тиллерсон матраҳ кард, таъкиди вай бар лузуми маъкус кардани раванди кунунии равобити ду кишвар ва тақвияти равобити дуҷониба буд. Аз дидгоҳи Лавров, коҳиши сатҳи равобити дуҷонибаи Амрикову Русия дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама бино бар далоили мушаххасе коҳиш ёфт .

Ҷудо аз мавзуи расмии сафари Лавров ба Амрико яъне музокира дар бораи чигунагии эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия, ин сафар аз аҳаммияти намодини зиёде бо таваҷҷуҳ ба вахомати равобити Маскаву Вашингтон бархурдор аст.

Ба рағми пешбиниҳои қаблӣ, дар бораи эҳтимоли беҳбуд дар равобити Амрикову Русия, пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, зоҳиран давлати ҷадиди Амрико ба далоили мухталиф равияи мушобеҳи давлати қаблии Обамаро дар қиболи Маскав иттихоз кардааст.

Амалкарди давлати Трамп дар қиболи Русия, дақиқан мушобеҳи равияҳо ва иқдомоти давлати Обама аст ва ба ҳамин далел, чашмандози беҳбуди равобити Амрикову Русия низ рӯз ба рӯз камрангтар мешавад.

Амрикоиҳо пас аз буҳрони Украина ва тақвияти ҳузури низомии НАТО дар шарқи Аврупо, ҳамгом бо шуракои аврупоии худ, ба таври пайваста ба тақвияти ҳузури низомӣ дар шарқи Аврупо ва дарёи Сиёҳ идома додаанд. Дар айни ҳол, Вашингтон аз буъди низомӣ низ мавзее хасмона алайҳи Маскав иттихоз карда ва ошкоро чи дар қолаби асноди низомӣ монанди санади стратегии низомии миллии 2015 Амрико ва чи басурати изҳороти мақомоти баландпояи сиёсӣ ва низомии худ, мудом дам аз ҷиддияти таҳдиди Русия алайҳи Амрико ва муттаҳидони аврупоии он мезанад. Бо ин ҳол, аз нигоҳи русҳо агар қарор аст, беҳбуде дар равобити дуҷониба ҳосил шавад, бояд равобити ду кишвар аз сатҳи бисёр поине муҷаддадан оғоз шавад. Ба иборати дигар, Лавров муътақид аст, ба ҷои талош барои ҳаллу фасли ихтилофоти бунёдини байни ду кишвар, ки бо гузашти замон амиқтар ва доманадортар шудааст, беҳтар аст, ки Маскаву Вашингтон таваҷҷуҳи худро маътуф ба масоиле кунанд, ки аз ҳассосияти камтаре бархурдор буда ва имкони расидан ба дидгоҳҳои муштарак дар бораи онҳо бештар аст. Табиатан бо таваҷҷуҳ ба ин мулоҳиза, акнун ҷои баҳс дар бораи масоиле монанди идомаи истиқрори сомонаҳои зидди мушакии Амрико дар шарқи Аврупо ва ё рӯйкарди ҳастаии Амрико дар давраи Трамп, ки комилан бар хилофи амнияти миллии Русия аст, набуда ва дар иваз русҳо моиланд, дар бораи масоиле монанди мубориза бо терроризм ва ё масоили марбут ба ҳалли сиёсии буҳрони Сурия монанди эҷоди манотиқи коҳиши таниши дар ин кишвар бо амрикоиҳо музокира ва ройзанӣ кунанд .