Боздошти тарафдорони Гюлен дар Туркия идома дорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17032-Боздошти_тарафдорони_Гюлен_дар_Туркия_идома_дорад
Пулиси Туркия дар ҷаддитарин иқдом, даҳҳо танро ба иттиҳоми иртибот бо Фатҳуллоҳ Гюлен боздошт кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 11, 2017 16:00 Asia/Dushanbe
  • Боздошти тарафдорони Гюлен дар Туркия идома дорад

Пулиси Туркия дар ҷаддитарин иқдом, даҳҳо танро ба иттиҳоми иртибот бо Фатҳуллоҳ Гюлен боздошт кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернитии рӯзномаи “Миллият”-и Туркия, манобеи хабарии Туркия эълом кардаанд, аз замони вуқуи кудатои зидди давлати Анкара дар 15 июли 2016, беш аз 125 ҳазор нафар аз коркунони давлат ба иттиҳоми иртибот бо Гюлен ихроҷ ва ҳудуди 40 ҳазор нафар аз низомиён ва коркунони давлат низ дастгир шудаанд.

Дар ҳамин ҳол шаш низомии артиши Туркия, дирӯз дар чорчӯби таҳқиқот дар бораи тарафдорони Гюлен дар артиши ин кишвар боздошт шуданд.

Дар ҳамин ҳол 16 тан аз устодони Донишгоҳи Усмон Ғозӣ дар Эскишаҳри Туркия низ боздошт шуданд.

Дар амалиёти дигаре, ки дар 12 устони Туркия иҷро шуд, 20 тан аз ҷумла шуморе аз коркунон неруи заминии ин кишвар дастгир шуданд.

Ҳамчунин пулиси Туркия, 40 нафар аз мушовирони муассисоти омӯзишии вобаста ба Гюленро боздошт кард.

Давлати Туркия, Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар Амрико басар мебарад, омили аслии кудатои нофарҷоми 15 июли Туркия медонад, аммо вай ин иддаои Анкараро рад мекунад.