Май 11, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Камарбанди амниятӣ дар атрофи нерӯгоҳҳои ҳастаии Русия

Давлати Русия бо эҷоди манотиқи амн, сатҳи муҳофизат аз ҳамаи нерӯгоҳҳои ҳастаии ин кишварро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши пойгоҳи шабакаи “Русия Ал –Явм”, дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия омадааст, давлати ин кишвар эҷоди манотиқи амн бо сохтор ҳуқуқи хосси худро дар атрофи ҳамаи неругоҳҳои ҳастаии ин кишвар тасвиб карда, то сатҳи муҳофизат аз ин нерӯгоҳҳоро дар баробари ҳамалоти террористӣ афзоиш диҳад.

Бар асоси ин тасмим, марокизе, ки манотиқи амн дар атрофи онҳо эҷод хоҳад шуд, неругоҳҳои ҳастаӣ, анборҳои зуболаҳои ҳастаӣ, маводи радиоактив, анборҳои сӯхти ҳастаӣ, ҳамаи 10 нерӯгоҳи ҳастаӣ, ки акнун дар Русия фаъол ҳастанд ва реакторҳои ҳастаии неругоҳи шиновариро шомил мешавад, ки Русия қасди сохтан онро дорад.

Бар асоси ин қонун, вуруд ба манотиқи амни атрофи таъсисоти ҳастаӣ ва иқомат дар ин манотиқ, бо маҳдудиятҳое рӯба рӯ хоҳад шуд.

 

Барчасп