Хатарноктарин мардони ҷаҳон бо ҳам дидор мекунанд
Рӯзномаи “Индепендент”, Доналд Трамп ва Муҳаммад бин Салмон, шоҳзодаи Саудиро хатарноктарин мардони ҷаҳон донист, ки ҳафтаи оянда қарор аст бо якдигар дидор кунанд.
Ба гузориши “Ал-Олам”, Патрик Куберн дар мақолае, ки дар рӯзномаи “Индепендент” мунташир шуд, навишт: “Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дастур дод, ки аз Арабистон ва ҳамлаи низомии ин кишвар ба Яман ҳимояти вижа ва густурда сурат гирад, аммо Муҳаммад бин Салмон, ҷонишини валиаҳди Арабистон саъй дорад Вашингтонро ба ҳимоят аз Риёз бирои муқобила бо Эрон водорад”.
Ба навиштаи Куберн, бисёре аз нозирон Доналд Трампро хатарноктарин мард дар кураи замин медонанд ва акнун ин марди хатарнок дар ҳоли барномарезӣ барои сафар ба Арабистон дар ҳафтаи оянда аст то дар ин сафари 3 рӯза, бо дувумин марди хатарноки ҷаҳон, яъне Муҳаммад бин Салмон, ки суботи минтақаро барҳам задааст, дидор кунад.
Ин мақола меафзояд, Муҳаммад бин Салмон амалан ҳокими кунунии Арабистон аст, зеро подшоҳи 81- солаи ин кишвар ба сабаби пирӣ қудрати анҷоми вазоифи худро надорад.
Куберн дар поёнд мақолаи худ иддао кардааст, ки Амрико ва Арабистон дар бораи ҷараёнсозии муштарак зидди Эрон, ба тавофуқ расидаанд.