Май 13, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
  • 15 кушта бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи Амрико

Маркази сабти омори хушунатҳои таслиҳотӣ дар Амрико эълом кард, бар асари тирандозӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар, понздаҳ нафар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Маркази сабти омори хушунатҳои таслиҳотӣ дар Амрико, рӯзи шанбе гузориш дод,  дар 59 мавриди тирандозии гузориш шуда,  дар 24соати гузашта дар аёлатҳои мухталифи Амрик, дастикам понздаҳ нафар кушта ва 46 нафар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, бештари тирандозиҳо дар иёлатҳои «Огайо», «Иллинойс»,  «Кентуккӣ" ва ҳамчунин Флорида, рӯй додааст.

Маркази сабти омори хушунатҳои таслиҳотӣ дар Амрико, ҳамчунин гузориш дод, бисту ду ҳазору 53 мавриди тирандозӣ аз ибтидои соли 2017 дар Амрико ба сабт расидааст, ки дар натиҷаи он панҷ ҳазору 377 нафар кушта ва даҳ ҳазору 581 нафар захмӣ шудаанд.

Солиёна, ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.

 

Барчасп