Торсакии сахти Трамп ба рӯи Эрдуғон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17140-Торсакии_сахти_Трамп_ба_рӯи_Эрдуғон
Сафири собиқи Туркия дар Вашингтон, ҳимояти Амрико аз курдҳои мусаллаҳи Сурия, ҳамзамон бо сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ба Амрикоро, зарбаи дипломатии шадиде ба Анкара донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 14, 2017 12:03 Asia/Dushanbe
  • Торсакии сахти Трамп ба рӯи Эрдуғон

Сафири собиқи Туркия дар Вашингтон, ҳимояти Амрико аз курдҳои мусаллаҳи Сурия, ҳамзамон бо сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ба Амрикоро, зарбаи дипломатии шадиде ба Анкара донист.

Форуқ Луг Уғлӯ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутник гуфт, «дастёбии ягонҳои ҳимоят аз курдҳо ба силоҳҳои сангини амрикоӣ, авзои минтақаро печидатар хоҳад кард, чаро, ки курдҳо эҳсоси қудрат ва ҳокимият хоҳанд кард ва ин масъала, сабаби шаклгирии навъи дигаре аз рӯёрӯӣ дар минтақа хоҳад шуд.

Вай афзуд, метавон гуфт, ки ин иқдом, торсакии сахти Трамп ба Эрдуғон буд ва мушаххас аст, ки мавзуи кумаки Амрико ба курдҳо, амдан ҳамзамон бо сафари Эрдуғон эълом шуд.

Дипломати турк таъкид кард, Амрико бархурде таҳқиромез ва ғайри ахлоқӣ бо Туркия дорад.

Луг Уғлӯ гуфт, нигаронии Туркия қобили тавҷеҳ аст, зеро қудрат ёфтани нақши курдҳо дар Сурия ва ҳимояти низомӣ аз онҳо метавонад, ҳокимият ва ояндаи Сурияро ба хатар биандозад.