Таҳдиди Толибон ва таътили мадориси улуми динӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17266-Таҳдиди_Толибон_ва_таътили_мадориси_улуми_динӣ_дар_Афғонистон
20 мадрасаи улуми динӣ дар вилояти Ғазнии Афғонистон ба далели таҳдиди гурӯҳи Толибон таътил шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 16, 2017 15:42 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Толибон ва таътили мадориси улуми динӣ дар Афғонистон

20 мадрасаи улуми динӣ дар вилояти Ғазнии Афғонистон ба далели таҳдиди гурӯҳи Толибон таътил шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо симо, Муҳаммадобиди Обид, раиси идораи омӯзишу парвариши вилояти Ғазнии Афғонистон эълом кард, ин мадорис дар шаҳри Ғазнӣ ва атрофи он қарор доранд. Дар ин мадорис омӯзишҳои исломӣ ба духтарон ироа мешавад.

Ҳамакнун беш аз ҳазор мадраса дар саросари Афғонистон ба далели таҳдидҳои амниятӣ таътил шудааст ва ҳазорон кӯдаки афғон аз омӯзиш бозмондаанд.