Иддаои Пентагон: ДИИШ барои Покистон ва Афғонистон хатар нест
(last modified Wed, 17 May 2017 09:05:13 GMT )
Май 17, 2017 14:05 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Пентагон: ДИИШ барои Покистон ва Афғонистон хатар нест

Вазорати дифои Амрико дар ҳимоят аз гурӯҳи такфирии ДИИШ муддаӣ шуд, ин гурӯҳи террористӣ хатаре барои Покистону Афғонистон нахоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сухангӯи Вазорати дифои Амрико (Пентагон) ҳамчунин эълом кард, Амрико ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон ҳамчунон идома медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Пентагон эълом карда буд, мардуми Покистону Афғонистон ҳадафи ҳамалоти террористии ДИИШ қарор мегиранд ва ин гурӯҳ бисёр хатарнок ҳаст ва ниёз аст кишварҳои минтақа барои мубориза бо он иқдом кунанд.

Гурӯҳи такфирии ДИИШ то кунун дар ҳамалоти зиёде дар манотиқи мухталифи Афғонистон омили қатли садҳо нафар аз мардуми ин кишвар шинохта шудаву борҳо низ ин гурӯҳ масъулияти онро бар ӯҳда гирифтааст.

Коршиносони минтақа бар ин боваранд, ки роҳбурди низомии Амрико дар минтақа шикастхӯрдаву дугона аст ва гурӯҳи террористии ДИИШ маҳсулу дастпарвардаи Амрико аст ва Вашингтон борҳо бо ҳимояти молӣ ва низомӣ аз ин гурӯҳи хатарнок, дар куштори инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Яман ва Баҳрайн нақши муҳиме доштааст.