Август 08, 2016 13:07 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Ҳалли буҳрони Сурия бидуни Русия маъно надорад

Раисҷумҳури Туркия Владимир Путин, ҳамтои русиашро дӯсти кишвараш хонд ва аҳаммияти нақши Русия дар поён додан ба буҳрони Сурияро ба расмият шинохт.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС эълом кард, музокироти пешорӯ бо Владимир Путин, ҳамтои русиаш фасли ҷадидеро дар равобити миёни Туркия ва Русия хоҳад гушуд.

Эрдуғон дар бораи сафараш ба Русия гуфт: Ин як сафари торихӣ хоҳад буд ва саҳифаи ҷадиде дар равобити ду кишвар гушуда хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Туркия таъкид кард: Бидуни Русия, мусолиҳа дар буҳрони Сурия маъно надорад ва мо фақат бо ҳамкории Русия метавонем буҳрони Сурияро ҳалл кунем.

Эрдуғон бо ишора ба буҳрони муҳоҷирон дар Аврупо ва пайвастани Туркия ба Иттиҳодия Аврупо гуфт: Иттиҳодияи Аврупо барои панҷоҳу севвумин соли мутаволӣ аст, ки моро бозӣ медиҳад. Мо пайваста садоқати худро собит кардаем ва онҳо бояд сиёсати рафторҳои дугонаро канор бигузоранд.

Эрдуғон қарор аст, барои аввалин бор баъди сарнагунии ҷангандаи Су-24 аз сӯи артиши Туркия 9-и август ба Русия сафар кунад.

Барчасп