Мавозеи зиддиэронии Трамп дар нишасти Риёз
(last modified Mon, 22 May 2017 10:15:08 GMT )
Май 22, 2017 15:15 Asia/Dushanbe
  • Мавозеи зиддиэронии Трамп дар нишасти Риёз

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар суханронии худ дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, дар ҳузури намояндагони бархе кишварҳои исломӣ, Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.

Раиси ҷумҳурии Амрико, ки худро ҳомили паёми дӯстӣ, умед ва ишқи мардуми Амрико дар сафар ба минтақа медонад, бар аҳамияти намодини аввалин сафараш ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико ба қалби ҷаҳони Ислом таъкид кард.

Раиси ҷумҳурии Амрико бо ишора ба ин ки мубориза бо терроризм аз назари вай низоъ миёни "хайру шар" аст, аз кишварҳои исломӣ даъват кард, қотеона бо ифротгароии исломӣ мубориза кунанд.

Доналд Трамп дар суханронии рӯзи якшанбе, 21-уми май дар баробари сарони кишварҳое, ки бисёре аз онҳо пайваста аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мешаванд, аз ҳар гуна интиқод аз вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо худдорӣ кард.

 Албатта далели ин чашмпӯшӣ возеҳ аст, зеро Трамп, ин тоҷири бузурги амрикоӣ дар сафараш ба Арабистон, қарордодҳое ба арзиши наздик ба 500 миллиард доллар имзо кард ва ин рақами кӯчаке нест. Бисёре аз мунтақидони давлати Арабистон ин қарордодҳоро ришваи ин кишвар ба Амрико донистаанд, ки бо ҳадафи ҳамроҳ кардани давлати Трамп имзо шуд.

Нигоҳе ба таҳаввулот дар ғарби Осиё нишон медиҳад, ки Амрико бозигари аслии буҳронсозӣ дар минтақа аст ва ин ҷараён бо ҳамкории Арабистон, Қатар ва бархе дигар аз кишварҳои минтақа, ҳамсӯ бо режими саҳюнистӣ ҳидоят мешавад. Аз ин рӯст, ки дар муборизаи зиддитеррористии Амрико дар минтақа ҳеҷ нишоне аз хайр дида намешавад ва ҳар он чӣ бар миллатҳои минтақа таҳмил шуда, шарорат аз сӯйи Амрико ва шуракои минтақаияш аст.

Акнун низ раиси ҷумҳурии Амрико бо ин суханони авомфиребона ба дунболи эътилофсозии тозае аст, ки бо ҷараёни Эронҳаросӣ пайванд хурдааст. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар паёми твиттерӣ ва кинояомез ба изҳороти Трамп дар Арабистон навишт: “Ин изҳороти Трамп оё марбут ба сиёсати хориҷист ва ё ин ки дӯшидани чаҳорсаду ҳаштод миллиард доллар аз Арабистони Саудӣ аст?”

Имрӯз афкори умумии ҷаҳон медонад, ки ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва Ироқ баъд аз ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001 бо ваъдаи мубориза бо Толибон ва терроризм ва нобудии Алқоида ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҳеҷ хайре барои минтақа надошт, балки сабаби густариши ноамниҳо ва шарорати гурӯҳҳои террористӣ ва ифротии мавриди ҳимояти Амрико ва Арабистон шуд.

Натиҷаи муборизаи “хайру шарр”-и  Амрико дар минтақа мушаххас аст, на терроризм аз байн рафт ва на амният ба минтақа бозгашт. ДИИШ низ ба унвони падидаи ҷадиде аз терроризм, минтақаро ба ҷанг кашонд то Амрико ва Арабистон беҳтар битавонанд нақшаи ҷадиди Ховари Миёнаро он гуна, ки худ мехоҳанд тақсим кунанд. Аз ин рӯ суханони Трамп ва иттиҳомҳои муштараки Риёз– Вашингтон алайҳи Эрон муқаддимае барои моҷароҷӯиҳои тоза дар минтақа, аммо зери ниқоби тазвири набард миёни “хайру шар” аст.

Бархе нозирон муътақиданд, ки ҳам Ӣрамп ва ҳам подшоҳи Арабистон ҳарду ба ин фазосозиҳои дурӯғин ниёз доранд. Дар шароити кунунӣ Трамп саъй дорад назари мухолифон ва мунтақидони дохилии худро ба самти сиёсатҳои пулсози худ барои сармоядорони Амрико ҷалб кунад ва бо рӯйкардҳо ва тасмимгириҳои ҷанҷолӣ афкорӣ умумиро аз тамаркуз бар иқдомотӣ наснҷидат худ дур кунад.

Мақомҳои Арабистон ҳам бо додани ришваҳое чандсадмиллиарддолларӣ талош мекунанд такягоҳе ба бовари худ мутмаин ба даст оваранд, ки албатта чизе беш аз такя бар бод нест.

Табиист, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя бар миллате муқтадир ва бархурдор аз низоми демократӣ таҳти таъсири моҷароҷӯиҳои Амрико дар минтақа қарор нахоҳад гирифт ва қатъан фурсати танишсозиро ба Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа нахоҳад дод.