Оғози Ҳамоиши байналмилалии газ дар Туркманистон
Ҳаштумин Конгресси байналмилалии газ бо ҳузури намояндагони 300 кишвари ҷаҳон дар Туркманистон оғоз ба кор кард.
Ба иттилои хабаргузории Форс, тавсеаи саноеи нафту газ, ҷазби сармоягузорони хориҷӣ, чигунагии тавсеаи маёдини нафту гази бахши туркмании дарёи Хазар ва таъини мавзеи расмии давлати Туркманистон дар умури тавсеаи санъати нафту газ аз аҳдофи баргузории ин ҳамоиш аст .
Чигунагии арза ва транзити нафту газ ба вижа бозорёбии гази табиии Туркманистон, тавсеаи майдонҳои нафту гази ҳавзаи дарёи Хазар, фурсатҳо ва зарфиятҳои ҳамкорӣ дар бозори энержии Туркманистон ва чашмандозҳои таомули байналмилалӣ ва ироаи тавонмандиҳо аз дигар меҳварҳои Ҳамоиши байналмилалии гази Туркманистон аст .
Ҳамоиши байналмилалии гази Туркманистон бо ҳузури беш аз 380 намоянда аз 300 кишвари дунё аз ҷумла ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад .
Мизони захоири пешбинишудаи Туркманистон бино ба кашфи маёдини ҷадиди нафту газ, 71 миллиард тонна баровард ва тасбит шудааст .