Ифшои ҳимояти Амрико аз террористҳо дар Афғонистон
(last modified 2017-05-24T09:38:14+00:00 )
Май 24, 2017 14:38 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳимояти Амрико аз террористҳо дар Афғонистон

Русия иттилооти фурӯши мустақими ҷангафзорҳои амрикоӣ ба ДИИШ-ро дар Афғонистон фош кард.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, гурӯҳе аз низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба террористҳои ДИИШ ҷангафзор фурӯхтаанд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин омадааст, писари саркардаи гурӯҳи террористии “Ҷунбиши исломии Узбакистон” ба тарзи машкуке аз зиндони амрикоии “Багром” озод шуд ва пас аз озодӣ фармондеҳи гурӯҳе аз террористҳои ДИИШ-ро дар шимоли Афғонистон бар ӯҳда гирифт.

Дар ҳамин ҳол шабака телевизионии “Фокс-нюз” –и  Амрико барои гумроҳ кардани афкори умумӣ, ба нақл аз манобеи афғон муддаӣ шуд, ду болгарди ношинос дар як минтақаи марзӣ, миёни Афғонистон ва Тоҷикистон фуруд омад, ки ҳомили мусташорони низомии рус ва миқдоре силоҳ ва кӯмакҳои молӣ будааст.

 

Барчасп