Ташдиди ҷидоли ҳуқуқӣ дар “Парвандаи Трамп-Русия “
Бо ҷиддитар шудани раванди таҳқиқот дар мавриди “Парвандаи Трамп-Русия”, раисҷумҳури Амрико яке аз вакилони саршиноси Ню-Йоркиро истихдом кард.
Марк Касовитс, аз сӯи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико истихдом шудааст, то дар ҷаласоти кумитаҳои таҳқиқи марбут ба парвандаи дахолати Русия дар интихоботи соли гузаштаи Амрико ҳозир шавад. Касовитс дар 15 соли гузашта, ваколати Трампро дар парвандаҳои мутааддиде бар уҳда доштааст. Гуфта мешавад, ин вакили Ню-йоркӣ қасд дорад, тиме аз вакилонро барои дифоъ аз раисҷумҳури Амрико ташкил диҳад .
Тасмими раисҷумҳури Амрико барои истихдоми вакили хусусӣ баёнгари ҷиддитар шудани эҳтимоли тарҳи иттиҳомоте ҳамчун табонӣ бо кишвари хориҷӣ ба Доналд Трамп аст. Сооте пеш аз интишори хабари истихдоми Касовитс, Ҷон Бреннан, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико CIA дар давлати қаблии ин кишвар дар ҷаласаи истимои Конгресс гуфт, мадраке дол бар исботи иртиботи Доналд Трамп бо Русия вуҷуд дорад.
Вай дар посух ба саволи Трей Гоуди, намояндаи ҷумҳурихоҳи Каролинаи Ҷанубӣ, ки пурсида буд: “Оё шумо мадраке дар бораи табонӣ, ҳамоҳангӣ ё дасисаи байни Доналд Трамп ва бозигарони давлатии Русия дидед”?
Ҷавоб дод: “Ман иттилоотеро дидам, ки арзиши онро дорад, ин ҳайъат онро баррасӣ кунад, то бубинад, оё ин ҳамкорӣ ё табонӣ иттифоқ афтодааст ё хайр”.
Ин суханон аз забони раиси вақти CIA дар замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ахири Амрико, вуҷуди равобити пинҳонӣ миёни Трамп ва аъзои тими интихоботии вай бо русҳоро қувват бахшидааст. Ҳамзамон демократҳо дар Маҷлиси намояндагон аз Дойчбанк хостаанд, ҳисобҳои бонкии Трампро баррасӣ кунанд, то мушаххас шавад, оё равобити бонкии эъломнашудае миёни раисҷумҳури кунунии Амрико бо Русия вуҷуд доштааст ё хайр. Таҳқиқоти мушобеҳе низ дар Кипр дар ҷарён аст, то мубодилоти бонкии бархе аз аъзои тими интихоботии Трамп бо тарафҳои русӣ мушаххас шавад.
Ба назар мерасад, ҷарёни зидди рус дар Амрико, ки дар Конгресс, ҷомеаи иттилоотӣ ва расонаҳои амрикоӣ нуфузи фаровоне дорад, дар талош аст, “Парвандаи Трамп-Русия”-ро ҳамчунон дунбол кунад. Дар муқобил низ, бекор нанишаста ва бо истифода аз имконоти мухталиф дарсадад аст, ин талошҳоро хунсо кунад. Вай ибтидо ба такзиби ин иттиҳомот баромад, сипас ҳукм ба барканории мудири FBI дод ва дар ниҳоят як вакили хусусӣ истихдом кард .
Бо ин ҳол раванде, ки токунун тай шудааст, нишон медиҳад, бо гузашти замон, иттилооти бештаре аз равобити пинҳонии Трамп ва мушовиронаш бо Русия ифшо хоҳад шуд. Бавижа инки тақрибан ҳафт моҳи дигар замони рақобатҳои интихоботии миёндаврии Конгресси Амрико аз роҳ мерасад ва демократҳо талош хоҳанд кард, бо ангушт гузоштан бар ин расвоӣ, шанси худро барои пирӯзӣ дар ин интихобот афзоиш диҳанд. Бархе аз аъзои саршиноси Ҳизби ҷумҳурихоҳ низ дар ин ҳадаф бо демократҳо ҳампаймон шудаанд. Ҳамин мавзуъ бар нигаронии раисҷумҳури Амрико афзудааст .