Май 25, 2017 20:36 Asia/Dushanbe

Ҳаштумин нишасти байналмилалии амният, ки мақомҳои олирутбаи ҳудуди сад кишвари ҷаҳон дар он ширкат доштанд, дар Твери Русия поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Алии Шамхонӣ- дабири Шӯрои олии амнияти милли Эрон, ки дар ин нишасти байналмилалӣ ҳузур дошт, таҳким ва тақвияти эътилофи зидди терроризмро муҳиммтарин дастоварди он донист.