Май 26, 2017 17:55 Asia/Dushanbe

Рафтори аҷиб ва зӯргӯии раисҷумҳури Амрико дар нишасти сарони НАТО дар Брюссел дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр пурбинанда шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, Доналд Трамп дар нишасти рӯзи панҷшанбеи сарони кишварҳои узви НАТО дар Брюссел Душко Маркович, нахуствазири Черногорияро ба пушти саф тела дод, то худашро ба сафи аввали ҳозирон бирасонад. Ин иттифоқ замоне рӯй дод, ки Янс Столтенберг, дабири кулли НАТО сарони кишварҳои узвро ба маҳалли нишаст роҳнамоӣ мекард.  Бар асоси он чӣ дар видео мушоҳида мешавад, нахустивазири Черногория барои лаҳазоте аз ин рафтори Трамп дар ҳайрат мемонад.

Бояд гуфт, аз замони ба қудрат расидани Доналд Трамп, рафторҳои аҷиби ӯ дар нишасту дидорҳояш бисёр баҳсбарангез шудааст.