Май 28, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
  • Нақши Арабистон дар таъмини шуғл барои коргарони амрикоӣ

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар "Твиттер" қарордодҳои низомӣ ва ғайринизомии чандсадмиллиарддолларӣ бо Арабистонро дар ростои таъмини шуғл барои коргарони амрикоӣ тавсиф кард.

Трамп дар "Твиттер" навишт: "Садҳо миллиард долларро аз Ховари Миёна ба Амрико бармегардонем, ки ба маънои шуғл, шуғл, шуғл хоҳад буд". Раисҷумҳури Амрико дар нахустин сафари хориҷии худ дар Арабистон болиғ бар 350 миллиард доллар қарордод бо саудиҳо имзо кард, ки 110 миллиард доллари он ба фурӯши аслиҳа ихтисос дошт. Ин тавофуқ ба унвони бузургтарин қарордоди фурӯши силоҳ дар таърихи Амрико қаламдод шудааст. Ҳамчунин қарор аст, ҳудуди 250 миллиард доллар дар лоиҳаҳои мухталифи саноатӣ, тиҷорӣ ва хадамотӣ дар дохили Арабистон, ё дар дохили Амрико сармоягузорӣ шавад. Иҷрои ҳар як аз ин лоиҳаҳо бо фурӯши колоҳо аз садҳо ҳазор фурсати шуғлӣ дар Амрико пешбинӣ мекунад, ё ҳазорон фурсати шуғлии ҷадид дар ин кишвар эҷод хоҳад кард.

Барои Доналд Трамп, ки бо ваъдаи эҷоди фурсатҳои ҷадиди шуғлӣ барои коргарони Амрико дар интихоботи соли гузашта ба пирӯзӣ расид, ақди чунин қарордодҳои пурсуде аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст. Албатта, Трамп ва мушовиронаш барои расидан ба чунин "суфраи рангорангӣ" ибтидо таблиғоти сангинеро алайҳи Арабистон ва нақши ин кишвар дар доман задан ба терроризм дар минтақаи ғарби Осиё ва кумак ба ДИИШ ба роҳ андохтанд ва дар даврони рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ҳатто таҳдид карданд, хариди нафт аз Арабистонро мутаваққиф хоҳанд кард. Ин суханон нигаронии шадиди мақомоти Риёзро барангехт ва сабаб шуд, онон пас аз вуруди Трамп ба Кохи Сафед муқаддамоти қарордодҳои чандсадмиллиарддоллариеро бо амрикоиҳо фароҳам кунанд. Трамп низ бо баҳрамандӣ аз ин  нахустин мақсад дар сафарҳои хориҷии худро Арабистон таъйин кард, то ба хазинаи пурпули саудиҳо дастрасӣ ёбад; пуле, ки шуғлро барои коргарон ва истимрори қудратро барои давлатмардони амрикоӣ ба армуғон овард.

Бо ин ҳол, баъд аз имзои қарордодҳои пурсуди тиҷорӣ дар бахшҳои ғайридифоӣ бо мақомоти Саудӣ Конгресси Амрико ба майдон омадааст, то бо қарордодҳои таслиҳотӣ бо Арабистон мухолифат кунад. Дар рӯзҳои ахир теъдоде аз сенаторҳои Амрико, аз ҷумла Рэнд Пол, Крис Мориёнфе ва Ал Франкен ба мухолифат бо бахшҳое аз ин қарордодҳо бархостаанд. Ба унвони мисол, онон дар талош ҳастанд, аз фурӯши бомбҳои ҳушманд ва дигар ҷангафзорҳои таҳоҷумӣ ба Арабистон ҷилавгирӣ кунанд. Дар ҳоле ки Арабистон ба ин силоҳҳо барои истифода дар ҷанги Яман ниёзи мубрам дорад. Пешбинӣ мешавад, бо дахолати лобии Исроил дар Конгресс фурӯши бархе аз ин силоҳҳо ба Арабистон мутаваққиф ё кунд шавад. Бархе аз мақомоти саҳюнистӣ дар рӯзҳои гузашта дар мавриди тақвияти низомии Арабистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Ба назар мерасад, сафари мустақими Трамп аз Риёз ба Телавив низ бо ҳадафи итминонбахшӣ ба исроилиҳо бобати ақди қарордоди фурӯши 110-миллиарддолларии силоҳ ба Арабистон анҷом гирифт.

Ба ҳар ҳол, қобили интизор буд, ки баъд аз масрафҳои беҳудаи саудиҳо дар баробари Трамп ва таъмини хостаи аслии раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар интиқоли дороиҳои Арабистон барои ба ҳаракат даровардани чархи иқтисоди ин кишвар раванди фурӯши таслиҳот ба Арабистон бо монеа дучор шавад. Дар тарҳи навишташуда барои Арабистон дар сиёсати хориҷии Ҳукумати Амрико Риёз сирфан таъминкунандаи пули мавриди ниёз барои кумак ба иқтисоди Амрико, ё дар ҳақиқат, гови ширдеҳи Трамп хоҳад буд, на бештар аз он.

 

Барчасп