Афзоиши шумори қурбониёни сел ва тӯфон дар Шри-Ланка
https://parstoday.ir/tg/news/world-i17948-Афзоиши_шумори_қурбониёни_сел_ва_тӯфон_дар_Шри_Ланка
Шумори талафоти сел ва тӯфон дар манотиқи ҷанубии Шри-Ланка ба 170 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2017 14:13 Asia/Dushanbe

Шумори талафоти сел ва тӯфон дар манотиқи ҷанубии Шри-Ланка ба 170 нафар расид.

Ба иттилои хабаргузории Ирно, Созмони мудирияти балоёи табиии Шри-Ланка эълом кард, тимҳои имдод ва наҷоти ин кишвар пас аз таваққуфи борон, токунун аҷсоди 170 нафарро ҷамъоварӣ кардаанд ва талош барои ёфтани 110 нопадидшуда дар ин ҳодиса идома дорад .

Пеш аз ин, шумори кушташудагон 151 тан эълом шуда буд .

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, 400 хона бар асари сел вайрон шуда ва ба чаҳор ҳазору 200 хонаи дигар низ хисорат ворид шудааст .

Нерӯҳои имдодӣ ҳамчунин 75 ҳизор нафарро дар 330 урдугоҳи муваққат искон додаанд .

Созмони ҳавошиносии Шри-Ланка рӯзи душанбе дар бораи идомаи борандагиҳои шадид дар манотиқи ғарбӣ ва ҷанубии ин кишвар ва вазиши бодҳои шадид бо суръати беш аз 80 километр дар соат ҳушдор дод .

Коршиносон нобудии густардаи ҷангалҳоро аз муҳимтарин далоили сел ва рониши замин дар Шри-Ланка медонанд .