Май 30, 2017 12:42 Asia/Dushanbe
  • Тавассули Русия ба силоҳи атомӣ дар сурати мудохилаи Амрико дар Қрим

Як қонунгузори рус Амрикоро ба истифода аз силоҳи атомӣ дар сурати мудохила дар Қрим таҳдид кард.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии “Дефенс‌ Вон” , Вячеслав Алексеевич, намояндаи Парлумони Русия дар Ҳамоиши байналмилалии GLOBSEC-и соли 2017 дар шаҳри Братислава, пойтахти Словакия гуфт: Дар сурати вуруди нерӯҳои Амрико ё НАТО ба хоки Қрим, Маскав аз силоҳҳои атомӣ истифода хоҳад кард .

Ин намояндаи Парлумони Русия тасреҳ кард: Чунончи нерӯҳои НАТО ё Амрико вориди Қрим ё шарқи Украина шаванд, Русия дар мароҳили аввалияи даргирӣ аз лиҳози низомӣ бедифоъ ва ногузир ба истифода аз силоҳи атомӣ хоҳад буд.

Бинобар ин гузориш, мақомҳои низомии Русия пештар ҳам гуфтаанд, дар сурати бурузи даргирии низомӣ бо НАТО мумкин аст, аз силоҳҳои атомӣ истифода кунанд .

Бо ташдиди буҳрон дар Украина, мардуми шибҳҷазираи Қрим дар соли 2014 бо ширкат дар як ҳамапурсӣ ба ҷудоӣ аз Украина ва илҳоқи Русия раъйи мусбат доданд .

 

Барчасп