Июн 01, 2017 17:54 Asia/Dushanbe
  • Покистон иддаои Афғонистонро дар бораи инфиҷори Кобул рад кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи худ, иддаои Афғонистонро бино бар ин ки сервисҳои иттилоотии Покистон дар инфиҷори маргбори рӯзи гузаштаи Кобул нақш доштаанд, такзиб кард.

Ба гузориши хабарнигори ИРНА, Нафис Закариё зимни беасос донистани иддаои Афғонистон гуфт, чунин нигоҳ ва рӯйкарде аз сӯи Афғонистон, наметавонд барои талошҳо дар масири кумак ба таҳаққуқи сулҳ, муфид бошад.

Вай гуфт, Покистон худ захмхӯрда ва қурбонии терроризм аст ва ҳазинаи ҷонӣ ва молии зиёдеро дар масири мубориза бо ин падидаи шум мутаҳаммил шуда ва боиси таассуф ва ноумедӣ аст, ки бархе аносури хосс, ки алоқаманд ба таҳаққуқи сулҳ дар Афғонистон нестанд, саъй мекунанд равобити миёни ду кишвари ҳамсояро тахриб кунанд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон таъкид кард, Покистон хостори ҳали масоили Афғонистон, аз тариқи сиёсӣ ва гуфтугӯ аст ва мӯътақид аст, масоили Афғонистон роҳи ҳали низомӣ надорад.

Давлат ва артиши Покистон рӯзи гузашта бо судури баёнияҳои ҷудогона, инфиҷори маргбори субҳи рӯзи гузашта дар Кобулро ба шиддат маҳкум карданд.

Бо ин вуҷуд, дастгоҳи амнияти миллии Афғонистон бо интишори баёнияе муддаӣ шудааст, ки ҳамлаи хунини рӯзи чаҳоршанбеи Кобулро гурӯҳи террористии шабакаи Ҳаққонӣ, бо ҳамкории дастгоҳи иттилоотии артиши Покистон тарроҳӣ кардааст.

Соати 8:30 дақиқаи субҳи чаҳоршанбе, инфиҷори маҳибе дар минтақаи дипломатии Кобул ва дар наздикии чанд сафоратхона рӯй дод, ки ба кушта шудани 100 тан ва захмӣ шудани 400 нафар анҷомид.

 

Барчасп