Июн 03, 2017 09:17 Asia/Dushanbe
  • Эмейли сафири Иморот дар Амрико ҳак шуд

Ҳакерҳо бо нуфуз ба эмейли Юсуф ал-Утайба, сафири Иморот дар Вашингтон, зимни дуздии бархе иттилоот, онро дар ихтиёри як рӯзномаи амрикоӣ қарор доданд.

Ба гузориши “Алолам”, ба нақл аз пойгоҳи “Алҷазира”, сухангӯи Сафорати Иморот дар Вашингтон зимни таъйиди ин хабар гуфт, ҳакерҳо асноди сафирро ба даст овардаанд.

Бинобар эъломи “Алҷазира”, бахше аз ин аснод нишон медиҳад, ки Иморот бо ҳазина кардани амволе талош доштааст чеҳраи бархе ҳампаймонони Амрикоро тахриб кунад.

Ҳарчанд “Алҷазира” номи кишваре мушаххасро наёвардааст, аммо ба назар мерасад мақсуди он Қатар бошад.

 Ба гузориши хабарнигори “Алҷазира” дар Амрико ҳаккерҳое, ки эмейли сафири Иморотро ҳак кардаанд, дар Рӯсия ҳузур доранду як ҳафтаи пеш эмейлҳои ҳакшударо дар ихтиёри рӯзномаи “Дейли бист” қарор додаанд.

Ин рӯзнома тасмим дорад ин аснодро рӯзи шанбе мунташир кунад. Хабарнигори “Алҷазира” афзуд, асноди ифшошуда паёмҳои радду бадалшуда миёни сафири Имороту дигар тарафҳоро аз соли 2014 то моҳи гузашта дар бар мегирад ва дар он ҷузъиёти зиёде дар бораи тамосҳои ӯ бо ширкатҳои равобити умумӣ бо ҳадафи тахриби чеҳраи бархе кишварҳои ҳампаймони Амрико омадааст.

Дар ҳамин ҳол Халил Ҷаҳишон, раиси Маркази арабӣ дар Вашингтон ба “Алҷазира” гуфт, эҳтимолан Сафорати Иморот дар баробари ин ифшогарӣ аз худ дифоъ хоҳад кард ва бархе тарафҳоро ба ҳак кардани эмейли сафиру хабарсозӣ муттаҳам хоҳад кард.