Июн 03, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Афғонистон ва Покистон

Дар остонаи бистуҳаштумин солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамоише дар шаҳри Мазори Шариф, маркази устони Балхи Афғонистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин ҳамоиш, ки ҷамъи зиёде аз уламои динӣ, фарҳангиён ва донишҷӯёни ҳавзаҳои илмия ва дигар қишрҳои мардум ширкат карданд, суханронон дар бораи абъоди шахсияти ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) суханронӣ карданд.

Алиакбар Нурулҳақ, яке аз масъулони баргузории ҳамоиши ёдвораи Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Мазори Шариф яке аз аҳдофи умдаи наҳзати ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ)-ро ваҳдати уммати мусалмон донист ва гуфт, бо ваҳдат метавон тавтеаҳои душманони Исломро хунсо кард.

Ба ҳамин муносибат маросими бузургдошт дар иёлати Синди Покистон низ баргузор шуд.

Аллома Мақсуд Алӣ Дамаки, дабири кулли Маҷлиси ваҳдати муслимини иёлати Синди Покистон рӯзи ҷумъа дар суханронии худ дар ин маросим гуфт, ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) шахсияти таърихсоз буд.

Аллома Мақсуд Алӣ Дамаки афзуд, ҳарчанд ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) дар байни мо нест, аммо тафаккури эшон аз тарафи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ думбол мешавад.

Фардо, якшанбе, чаҳордаҳуми хурдоди соли 1396-и ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо нуҳуми Рамазони соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ ва чаҳоруми июни соли 2017, бистуҳаштумин солгарди реҳлати ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

 

Барчасп