Тазоҳуроти саросарӣ дар Амрико зидди сиёсатҳои Доналд Трамп
Мардуми Амрико дар шаҳрҳои мухталиф алайҳи сиёсатҳои раисҷумҳури ин кишвар тазоҳурот карданд.
Ба гузориши Presstv, шаҳрҳои муҳими иёлотҳои саросари Амрико аз ҷумла Вашингтон, Лос-Анҷелес, Остин ва Чикаго рӯзи шанбе саҳнаи тазоҳуроти зидди сиёсатҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар буд .
Тазоҳуроткунандагон бо дар даст доштани плакардҳое зидди Трамп, шиорҳое зидди сиёсатҳои давлати Амрико сар медоданд .
Тазоҳуроткунандагон зимни дуруғгу хондани Трамп, таҳқиқ дар хусуси иртиботи иддаошудаи атрофиён ва ситоди интихоботиаш бо Русияро хостор шуданд .
Тазоҳуроткунандагон, ҳамчунин тасмими Трамп ба хуруҷи Амрико аз муоҳидаи Порисро маҳкум карданд .
Аз замони оғози даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, ҳамарӯза дар саросари ин кишвар тазоҳуроти густардае дар эътироз ба иқдомот ва сиёсатҳои давлати ин кишвар баргузор мешавад .