Чопи ду китоб дар бораи имом Хумайнӣ (р) дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18206-Чопи_ду_китоб_дар_бораи_имом_Хумайнӣ_(р)_дар_Русия
Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (р) бо ҳимояти ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Маскав ду китоби “Оби ҳаёт” ва “Эрон аз Хумайнӣ то Хоманаӣ”-ро ба забони русӣ дар Русия чоп кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 04, 2017 17:06 Asia/Dushanbe
  • Чопи ду китоб дар бораи имом Хумайнӣ (р) дар Русия

Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (р) бо ҳимояти ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Маскав ду китоби “Оби ҳаёт” ва “Эрон аз Хумайнӣ то Хоманаӣ”-ро ба забони русӣ дар Русия чоп кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Форс, китоби “Оби ҳаёт” шомили тарҷумаи ашъори имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон ба забони русӣ ва китоби “Эрон аз Хумайнӣ то хоманаӣ” навиштаи Дмитрий Жуков, зиндагиномаи имом Хумайнӣ (р) аз кӯдакӣ то раҳбарии инқилоби исломӣ дар Эрон аст .

Китоби “Эрон аз Хумайнӣ то Хоманаӣ” ҳамчунин ба баррасии шароити сиёсии қабл аз инқилоб ва заминаҳои поягузории инқилоб дар Эрон тавассути имом Хумайнӣ (р), таъсири инқилоби Эрон бар шароити сиёсии ҷаҳон, дидгоҳҳои имом Хумайнӣ (р) дар мавриди масоили мухталифи иҷтимоӣ аз ҷумла ҷаҳонбинӣ ва ҷойгоҳи инсон, ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва интихоби Оятуллоҳ аъзамии Хоманаӣ ба унвони раҳбари инқилоби исломӣ пардохтааст .