Вокуниши Русия ба буҳрони ҷадиди Ховари Миёна
Июн 05, 2017 21:20 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Русия ба иқдоми чанд кишвари арабӣ дар қатъи равобити худ бо Қатар вокуниш нишон дод.
Сергей Лавров рӯзи душанбе иқдоми бархе кишварҳои арабӣ дар қатъи равобити худ бо давлати Қатарро тасмимии марбут ба ҳамон кишварҳо донист .
Лавров бо ин ҳол аз ҳамаи тарафҳо хост, аз тариқи гуфтугӯ ба ихтилофоташон поён диҳанд .
Сухангуи Кремлин низ дар ҳамин чорчуб таъкид кард, ки Маскав хостори ҳалли ихтилофот дар минтақаи Халиҷи Форс дар фазое мусолиматомез аст .
Арабистон, Баҳрайн, Иморот ва Миср аз қатъи комили равобити дипломатии худ бо Қатар хабар доданд .
Барчасп