Июн 07, 2017 19:32 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои байналмилалӣ ба ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон

Ҳамалоти террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р) дар Теҳрон, вокунишҳои байналмилалиро дар пай дошт.

Ба иттилои манобеи хабарӣ, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар баёнияе таъкид кард: “Ҳамалоти террористии Эрон, ки ДИИШ онҳоро бар уҳда гирифтааст, нишон медиҳад, ки террористҳо ором наме‌гиранд”.

Дмитрий Песков, сухангуи Кремлин низ бо маҳкум кардани ҳамалоти ДИИШ, таъкид кард: “Ин иттифоқот ёдовари зарурати иттиҳод алайҳи терроризм аз ҷумла иттиҳод бо кишварҳои мусулмон аст”.

Вазорати хориҷаи Сурия зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои қурбониён, ин ҳамалотро ба шиддат маҳкум кард .

Фаронса ва Покистон низ ҳамалоти террористии ДИИШ дар Теҳронро маҳкум карданд.

Ҳамчунин Зигмар Габриэл, вазири хориҷаи Олмон дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои саудиаш, ҳамлаи террористӣ дар Теҳронро маҳкум кард .

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Антонио Тайяни,  раиси Парлумони Аврупо низ дар паёмҳои твиттерӣ, бо мардуми Эрон эъломи ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ карданд .

Ричард Хаас, раиси Шӯрои равобити хориҷии Амрико низ дар баёнияи твиттерӣ аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хост, ҳамалот дар Теҳронро маҳкум кунад ва навишт: “Тазаккур ба раисҷумҳури Амрико: Маҳкумияти терроризм агар қарор аст, қобили қабул бошад, набояд гузинишӣ бошад. Бояд ҳамалоти Теҳронро ҳам монанди ҳамалоти Аврупо маҳкум кард”.

Наби Берри, раиси Парлумони Лубнон ҳам дар паёмҳои ҷудогона ба раҳбари инқилоб, раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси Шӯроии исломии Эрон иқдомоти террористии Теҳронро маҳкум кард .

Вазорати хориҷаи Туркия низ бо интишори баёнияе ҳамалоти ДИИШ дар Теҳронро маҳкум кард .

Ҳамчунин кумитаҳои муқовимати Фаластин иқдомоти имрӯзи террористҳои ДИИШ-ро дар Теҳрон маҳкум карданд ва уммати исломро ба ваҳдат барои муқобила бо режими ишғолгари саҳюнистӣ ба унвони душмани аслии мусулмонон фаро хонданд .