Як рӯзномаи англисӣ: Абубакри Бағдодӣ ба ҳалокат расид
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18538-Як_рӯзномаи_англисӣ_Абубакри_Бағдодӣ_ба_ҳалокат_расид
Рӯзномаи Дейли Миррор, чопи Англия муддаӣ шуд: Бархе гузоришҳои тайиднашуда аз Сурия аз он ҳикоят дорад, ки Бағдодӣ рӯзи шанбе дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 11, 2017 16:02 Asia/Dushanbe
  • Як рӯзномаи англисӣ: Абубакри Бағдодӣ ба ҳалокат расид

Рӯзномаи Дейли Миррор, чопи Англия муддаӣ шуд: Бархе гузоришҳои тайиднашуда аз Сурия аз он ҳикоят дорад, ки Бағдодӣ рӯзи шанбе дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, рӯзномаи Дейли Миррор аз кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ дар ҳамалоти ҳавоии Сурия хабар дод .

Бар асоси ин гузориш, рӯзи шанбе дар тамоми муддат пойгоҳи ин гурӯҳи такфирӣ-саҳюнистӣ дар Раққа зери оташи сангини ҳамалоти артиши Сурия буд ва гузоришҳое, ки хабаргузории Аъмоқ вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир кард, аз хисороти сангине ҳикоят дошт, ки ба ин гурӯҳ ворид шудааст.

Ҳануз ҳеч манбаи дигаре ин гузоришро тайид накардаанд .

Барои сари Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳаки такфирӣ ҷоизаи 20 миллион долларӣ таъин шудааст .

Пеш аз ин ҳам гузоришҳое дар бораи кушта шудани Бағдодӣ мунташир шуда буд, ки ҳеч кадом сиҳҳат надошт .