Июн 12, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷаҳонӣ: Афғонистон чаҳорумин кишвари ноамни ҷаҳон аст

Бонки ҷаҳонӣ бо интишори гузорише тоза аз авзои амниятии ҷаҳон, Афғонистонро чаҳорумин кишвари ноамни ҷаҳон муаррифӣ кард ва афзоиши ноамнӣ ва рушди кунди иқтисодиро таҳдиди ҷиддӣ барои ин кишвар донист.

Ба иттилои Ирно, Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст: Пас аз соли 2011 фақр дар ин кишвар ба 39 дарсад афзоиш ёфт ва ноамнӣ ва бесуботӣ як миллиону 300 ҳазор афғонро ба сӯи фақр кашонд.

Бар асоси ин гузориш, фақр дар манотиқи дурдасти Афғонистон ва рустоҳо, ки пеш аз ин 38. 3 дарсад буд, акнун ба 43.6 дарсад расида ва пас аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ, рушди иқтисодии ин кишвар сайри нузулӣ доштааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар ин гузориш, пешрафтҳои 14 соли гузаштаи Афғонистонро дар маърази хатар эълом карда ва афзудааст, ки бахши бузурге аз ҷамъияти ин кишвар дар сояи таҳдидҳои шадиди амниятӣ зиндагии душвореро сипарӣ ме‌кунанд.

Бонки ҷаҳонӣ тасреҳ кардааст: Барои аз байн бурдани нобаробарӣ ва фақр ва бурунрафт аз вазъияти кунунӣ, беҳбуди вазъияти амниятӣ аз аҳаммияти вижае бархурдор аст.

 

Барчасп