Рамазон дар Лондон ноҷии зиндагӣ шуд
Шоҳидони айнии ҳодисаи оташсӯзии Бурҷи Гренфелли Лондон гуфтанд, ки бедор будани мусалмонони сокини ин бурҷи маскунӣ барои хӯрдани саҳарӣ, аз вуқӯи як фоҷеаи азим дар оташсӯзии ин бурҷ ҷилавгирӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, як шоҳиди айнӣ ба хабарнигорон гуфт, оташсӯзӣ дар Бурҷи Гренфелл соати яки бомдод шурӯъ шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба наздик будани ин замон ба азони субҳ ба вақти Лондон (соат 2; 20 дақиқа) тамоми рӯзадорҳо барои хӯрдани саҳарӣ бедор буданд ва тавонистанд ба мавқеъ аз сохтмон хориҷ шаванд ва ба бақия ҳам хабар диҳанд.
Суринҷи Чотрҷи дар ёддоште, ки дар сафҳаи твиттериаш мунташир карда, навиштааст: “теъдоди зиёде аз мардуми бурҷи оташгирифтаи Гренфелл дар соати яки бомдод барои хӯрдани саҳарӣ бедор буданд ва Рамазон ноҷии зиндагӣ шуд”.
Дар ҳамин ҳол ба гузориши манобеи англисӣ, аз ҷумла “Дейли Телеграф” ва “скай нюз”, мусалмонони рӯзадор аз ҷумлаи қаҳрамононе буданд, ки ба наҷоти ҷони сокинони бурҷи шӯълавари Гренфелл шитофтанд.
Торнамои рӯзномаи “Дейли Телеграф” навишт, мусалмононе, ки ба хотири моҳи Рамазон дар нимашаб бедор буданд, ҷони бисёре аз афродро наҷот доданд.
Бар асари оташсӯзии ваҳшатноки ду шаби пеш дар бурҷи маскунии Гренфелл дар Лондон 12 нафар кушта шуданд ва беш аз 70 нафар ба далели ҷарроҳоти ношӣ аз ин оташсӯзӣ дар панҷ бемористон дар шаҳри Лондон таҳти дармон қарор гирифтаанд.
Дар ин сохтмон ҳудуди 600 нафар, аз ҷумла теъдоди зиёде мусалмон зиндагӣ мекарданд.