Ҳукми ҳабс барои як қозии Созмони Милали Муттаҳид дар Туркия
Додситони Туркия як қозии Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳабс маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, додситони Туркия Ойдин Седаф Акай, қозии Додгоҳи ҷиноёти ҷангии СММ-ро ба ҷурми узвият дар гурӯҳи вобаста ба Фатҳуллоҳ Гюлен ба таҳаммули 7,5 зиндон маҳкум кард.
Гуфта мешавад, илова бар тазоҳуроти мардумӣ дар Анкара ва Истамбул дар эътироз ба ин ҳукм, СММ низ ҳукми ҳабси ин қозиро муғойир бо қавонини байналмилалӣ хондааст.
Ойдин Седаф Акай, қозии Девони байналмилали ҷиноӣ қарор буд, пеш аз боздоштшудан дар иртибот бо кудатои соли гузаштаи Туркия, ба парвандаи наслкушӣ ва куштор Руанда расидагӣ кунад.
Пештар Девони байналмилалии ҷиноӣ эълом карда буд, иҷро нашудани ҳукми озодии ин қозии турк, монеъ аз расидагии додгоҳи таҷдиди назар ба парвандаи Руанда шудааст ва истиқлоли қазоии ин ниҳодро таҳдид мекунад.