Раъйи Сенат ба таҳримҳои ҷадид алайҳи Русияю Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18764-Раъйи_Сенат_ба_таҳримҳои_ҷадид_алайҳи_Русияю_Эрон
Дар раъйгирии рӯзи панҷшанбеи Сенати Амрико аз маҷмӯи сад намояндаи ҳозир 98 нафар ба тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ва Эрон раъйи мусбат додааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 16, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Раъйи Сенат ба таҳримҳои ҷадид алайҳи Русияю Эрон

Дар раъйгирии рӯзи панҷшанбеи Сенати Амрико аз маҷмӯи сад намояндаи ҳозир 98 нафар ба тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ва Эрон раъйи мусбат додааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Рэнд Пол, сенатори ҷумҳурихоҳ ва Берни Сандер, сенатори мустақил танҳо сенаторҳое буданд, ки ба ин пешниҳод раъй манфӣ додаанд.  Ин тарҳ шомили таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон бобати барномаи мушакӣ ва ҳамчунин дигар фаъолиятҳои ин кишвар аст. Таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон иртиботе бо тавофуқи ҳастаии ин кишвар (БАРҶОМ) надорад. Сенати Амрико ҳамчунин ин ҳафта таҳримҳои ҷадидеро низ алайҳи Русия бо баҳонаи дахолати ин кишвар дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016-и Амрико, пайвастани минтақаи Қрим ба Русия ва ҳимоят аз Ҳукумати Сурия дар ҷанги дохилии ин кишвар эъмол кард.

Мусаввабаи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ва Эрон барои табдил шудан ба қонун бояд битавонад аз Маҷлиси намояндагони Амрико низ убур кунад ва дар ниҳоят ба имзои Трамп бирасад.